Ғазаби Покистон аз Амрико барои ҳамлаи фаромарзии ҳавоӣ

Дирӯз садҳо нафар дар саросари Покистон бар зидди ҳамлаи фаромарзии нируҳои НАТО, ки дар он дастикам 24 покистонӣ кушта шуд, ба хиёбонҳо баромаданд. Бузаргтарин тазоҳурот дар назди консулгарии Амрико дар шаҳри Карочӣ баргузор шуд ва тазоҳуркунандагон акси бузурги президент Барак Обамаро оташ заданд. Ҳина Раббонӣ Кҳар-вазири корҳои хориҷии Покистон ба Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико телефонӣ барои ин ҳамлаи ҳавоӣ "амиқан изҳори ғазаб кард". Покистон гуфтааст, роҳи икмолотӣ аз тариқи кишвараш ба нируҳои Амрико дар Афғонистонро бастааст ва аз Вошингтон хостааст, ки пойгоҳи истиқрори ҳавопаймоҳои бесарнишинаш дар Покистонро тарк кунад. Раҳмон Малик-вазири корҳои дохилии Покистон гуфт, нируҳояш бояд мутмаин бошанд, ки роҳи икмолотӣ баста аст:

“На фақат ман, балки тамоми кишвар ҳамлаи ҳавоиро маҳкум мекунад. Ҳар чӣ рух дод, мо ҳеҷ гоҳ интизор набудем, ки аз тарафи муттаҳиди худамон иттифоқ меафтад”.

Дар эъломияе хонум Клинтон як ҷо бо Леон Панетта-вазири дифои Амрико барои ин куштор “амиқан изҳори таслият” карданд.