Пешков: Узвияти Душанбе дар Иттиҳоди Авруосиё матраҳ нест

Мудири департаменти кишварҳои муштаракулманофеъ дар Вазорати умури хориҷии Русия ва сафири пешини Русия дар Тоҷикистон, Максим Пешков, гуфт, алҳол масъалаи узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Авруосиё мавриди баррасӣ нест. Вай афзуд, Тоҷикистон дар марҳилаи аввал бояд узви Иттиҳоди гумрукӣ шавад ва нишон диҳад, ки ба талаботи узвияти дар Иттиҳоди Авруосиё ҷавобгӯ аст. Ҳамзамон ӯ Қирғизистон ва Тоҷикистонро номзадҳои асосии узвият дар иттиҳоди Русия, Беларус ва Қазоқистон номид. Ин панҷ давлат узви Созмони ҳамкориҳои Авруосиё низ ҳастанд ва Виктор Христенко, ки раҳбари кумиссюни иқтисодии Авруосиё итаъин шуд, мегӯяд, пешсафони ҳамоиш шарикони худро фаромӯш нахоҳанд кард. Дар ҳоле ки масъалаи узвияти Тоҷикистон дар робита ба парвандаи халабонҳои рус ва муҷозоти дастаҷамъонаи муҳоҷирони тоҷик ба миён омадааст, намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ин моҷаро ба муносибатҳои ду кишвар таъсире нахоҳад дошт.