НАТО ҳалокати покистониҳоро таҳқиқ мекунад

Сухангӯи Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳанӯз тамоми ҷузъиёти ҳалокати сарбозони покистонӣ аз зарбаи чархболҳои НАТО рӯшан нашудааст.

Генерал Карстен Ҷейкобсон мегӯяд: "Мо ҳанӯз ҳеҷ ададеро таъйид карда наметавонем. Оре, аз воқеа хабар дорем, ки дар марзи вилояти Кунар ва марзи кишвар иттифоқ афтодааст. Мо онро таҳқиқ мекунем. Изҳороти Айсаф ба зудӣ мунташир хоҳад шуд.”

Чархболҳои Иёлоти Муттаҳида соли гузашта иштибоҳан ду сарбози покистониро дар наздикии марзи Афғонистон ба ҳалокат расонда буданд. Он вақт Покистон муваққатан марзи худпро баст ва ба интиқоли маводи НАТО ба Афғонистон монеа гузошт.