Пирӯзии ҳизби мӯътадили исломӣ дар Марокаш

Дар нахустин интихоботи порлумонии Марокаш ҳизби мӯътадили исломии Адолат ва Рушд пирӯз гардид. Он дувумин ҳизби исломие хоҳад буд, ки пас аз Тунис дар фароянди Баҳори араб пирӯз мешаванд ва кишварро идора хоҳанд кард. Бо вуҷуди маъракаи таҳрими интихобот 45 дарсади раъйдиҳандагон дар он ширкат карданд. Шоҳи Марокаш Муҳаммади Чаҳор зери фишори тазоҳуроти густарда ба баргузории интихоботи порлумонӣ ризоият дод. Намояндаи ҳизби пирӯз сарвазири Марокаш хоҳад шуд.