Русия 4 мартро рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълон кард

Маҷлиси болоии порламони Русия, яъне Шӯрои Федератсия эълон кард, ки интихоботи расёати ҷумҳурии Русия 4 марти соли 2012 баргузор хоҳад шуд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС-и ин кишвар иттилоъ додааст, ки Шӯрои Федератсия ба иттифоқи оро аз ин тасмим ҷонибдорӣ кардааст. Дар ибтидо як мақоми расмӣ аз Кумиссиюни марказии интихоботӣ ва райдиҳии Русия эълон карда буд, ки тибқи қонуни интихоботии Русия интихобот моҳи июл баргузор мешавад.