Дар ҳафтумин рӯзи тазоҳуроти эътирозӣ имрӯз низ ҳазорон нафар дар майдони Таҳрири Коҳира гирдиҳам омаданд, то ба Шӯрои Миллии Гузор фишор оранд, ки зимоми ҳукуматро ба кобинаи ғайринизомӣ диҳад. Эътирозгарон аз Шӯрои Низомӣ мехоҳанд, ки ҳокимиятро ба ҳукумати интиқолӣ диҳад ва ин ҳукумат раҳбариро то моҳи июни соли 2012, яъне то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бар ӯҳда бигирад. Шӯрои Миллии Гузор аз моҳи феврали соли ҷорӣ аз замони барканории Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешин ба Миср раҳбарӣ мекунад. Дар давоми як ҳафтаи тазоҳуроти эътирозӣ ва задухӯрдҳо дар саросари Миср 41 нафар кушта шудаанд. Рӯзи душанбе 28 ноябр дар Миср интихоботи порламонӣ баргузор мешавад.