Нигаронии Бан Ки Мун аз шиканҷаи асирон дар Либия

Гурӯҳҳое, ки алайҳи раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ меҷангиданд, тақрибан 7 ҳазор асиронро дар боздоштгоҳҳо нигаҳ медоранд. Дар ин бора Дабири кулли СММ Бан Ки Мун хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бештари ин асирон – шаҳрвандони кишварҳои африқоии воқеъ дар ҷануби биёбони Саҳара мебошанд ва пайваста ҳадафи шиканҷаву лату кӯб қарор мегиранд.

Дабири кулли СММ ҳамчунин изҳор намуд, ки далелҳои зиёди нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни муҳосираи шаҳри Сирт, охирин такягоҳи нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ, низ мавҷуданд. Рӯзи 20 октябр Муаммар Қаззофӣ дар ҳамин шаҳр боздошт ва кушта шуда буд.