Расми гушоиши лӯлаи гази Туркманистон - Чин

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Ҳу Ҷинтао

Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов имрӯз, дар рӯзи севвуми боздиди чоррӯзааш аз Чин, дар расми ифтитоҳи лӯлае, ки гази Туркманистонро то ҷануби Чин мебарад, ширкат мекунад. Ин лӯлаи 8700-километрӣ аз моҳи июн ба кор оғоз карда, ба густариши равобити Пекину Ишқобод замина гузошт. Дирӯз ду кишвар ба қарордоде имзо карданд, ки ба 25 миллиард метри мукааби газ афзудани содироти гази Туркманистон ба Чинро дар назар дорад. Туркманистон бо ин содироти солонаи газаш ба Чинро ба 65 миллиард метри мукааб хоҳад расонд, ки муодили нисфи эҳтиёҷоти Чин аст.
Дар пайи мулоқоти Бердимуҳаммадов ва Ҳу Ҷинтао байни ду кишвар дар маҷмӯъ 14 қарордоди ҳамкорӣ имзо шуд.