Паёми тунди Медведев дар масъалаи сипари мушакӣ

Дмитрий Медведев

Русия гуфт, агар Амрико нигарониҳои Маскав дар бораи сипари зиддимушакиашро рафъ накунад, дар вилояти Калининград ва манотиқи дигар мушакҳои “Искандар”-ро гузошта, таъсисоти мушакии Амрико дар Аврупоро дар ҳадафи мушакҳояш қарор хоҳад дод. Раиси ин ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев гуфт, Русия метавонад аз паймони коҳиши силоҳҳои стратегӣ, ки бо Амрико имзо кардааст, низ барояд.
Сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо бояд то соли 2020 сохта шавад. Вошингтон мегӯяд, ин сипар бар зидди Русия набуда, балки ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамалоти эҳтимолӣ аз ҷониби кишварҳое, чун Эрон аст. Аммо ба бовари Русия, ин сипар иқтидори таслиҳоти ҳастаияшро заъиф хоҳад кард.