Оҷонси омори тобеъи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, тайи 9 моҳи гузашта дар кишвар тақрибан 206 ҳазор навзод сабти расмӣ шуданд, ки назар ба 9 моҳи соли 2010 андаке бештар аз 11 дар сад зиёд аст. Ба гуфтаи оҷонс, дар ин муддат ҳамчунин 2 ҳазору 300 кӯдаки то яксола фавтидаанд. Дар Тоҷикистон теъдоди аҳолӣ башиддат меафзояд ва тайи 11 соли гузашта 23 дар сад афзуда ва ҳоло ба бештар аз ҳафтуним миллион расидааст.