Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят имрӯз гуфт, ҳукумати нави Либия ҳақ дорад, Сайф-ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқ ва кушташударо худаш муҳокима кунад. Додгоҳи мазкур аввали ҳамин сол, Сайф-ул-Ислом ва Абдулло ал-Синусӣ, раҳбари хадамоти амниятии Либияро ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам ва дастури боздошти онҳоро содир кард. Луис Морено-Окампо, додситони аршади Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят дар шаҳри Троблус гуфт, муҳокимаи Сайф-ул-Ислом дар дохил барои Либия муҳим будааст, аммо гуфт ӯ додгоҳ ҳозир аст, ба онҳо дар ин амр кӯмак кунад. Рӯзи сешанбе Абдулраҳим ал-Киб, нахуствазири муваққатии Либия ҳукумати муваққати навашро муаррифӣ кард, ки то замони интихоботи порлумони нав то моҳи июн ин кишварро раҳбарӣ хоҳад кард.