Сафири нави Покистон дар Амрико таъйин шуд

Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон, имрӯз Ширӣ Раҳмон, вакили мардумӣ ва вазири собиқи иттилоъотро, сафири нави кишвараш дар Амрико таъйин кард. Дафтари нахуствазири Покистон дар ин бора хабар дод. Ширӣ Раҳмон, ҷойгузини Ҳусейн Ҳаққонӣ хоҳад шуд, ки рӯзи сешанбе аз мақомаш истеъфо дод, ба ин далел ки ӯ гӯё дар номае аз мақомоти Амрико хостааст, дар маҳдуд кардани қудрати артиш дар Покистон кӯмак кунад. Ҳусейн Ҳаққонӣ мегӯяд, чунин номае нанавишта ва ё нафиристодааст ва вазорати умури хориҷаи Покистон ҳам ин хабарро “комилан сохта” хонд. Ширӣ Раҳмон яке аз аъзои калидии ҳизби ҳокими Покистон аст.