Смирнов алорағми хости Маскав ба интихобот меравад

Игор Смирнов

Раҳбари ҷумҳурии худхондаи Приднестровйе гуфт, ояндаи сиёсии ӯ ба интихобкунандагон вобаста аст, на ба Русия. Игор Смирнови 70-сола, ки ду даҳсола боз раҳбарии ин вилояти худро аз Молдова мустақил эълонкардаро бар ӯҳда дорад, дар интихоботи рӯзи 1 декабр барои дарёфти давраи панҷуми раёсат вориди мубориза шудааст. Аммо Сергей Наришкин, раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия моҳи гузашта гуфт, ки Маскав мехоҳад дар курсии раёсати ин вилоят чеҳраи нав, барои мисол, рақиби умдаи Смирнов – раиси феълии парлумони Приднестровйе Анатолий Каминскийро бубинад. Аммо Смирнов даъвати Маскав барои канор рафтанаш аз корзорро радд кард ва гуфт, ба интихобот хоҳад рафт.