Окампо: Писари Қаззофӣ дар Либия муҳокима мешавад

Луис Морено Окампо

Луис Морено Окампо-додситони Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт имрӯз дар Троблус пойтахти Либия гуфт, Сайф ул Ислом-писари боздоштшудаи Муаммар Қаззофӣ метавонад дар Либия муҳокима шавад. Ба гуфтаи Окампо, мумкин аст додгоҳи Либия ба вай муҷозоти эъдом содир кунад. Окампо дар Троблус бо раҳбарони Шӯрои Миллии Гузори Либия мулоқот кард. Вай ба рӯзноманигорон гуфт, Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт ҳозир аст дар муҳокимаи Сайф ул Ислом-писари Муаммар Қаззофӣ ва Абдуллоҳ Сенуссӣ-раиси пешини амнияти Либия ба мақомоти додгоҳии Либия кӯмак кунад.

“Сайф боздошт шудааст ва мо ин ҷо барои ҳамкорӣ омадаем. Моҳи май мо дархости боздошт дода будем, барои он ки он вақт адолат дар Либия набуд. Ҳоло, ки Либия адолатро барқарор кардааст, худашон муҳокима меекунанд ва мо кӯмак мекунем”.

Қаблан Шӯрои Миллии Гузор пешинҳод карда буд, ки беҳтар аст ин ду нафар дар Либия муҳокима шаванд на дар Ҳейг, яъне дар Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт.