Садовничий: Парвандаи маро бо муҳоҷирон иртибот надиҳед

Владимир Садовничий

Хабаргузории РИА Новости аз қавли вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, Русия раҳоии халабонони русро аз зиндоне дар Тоҷикистон истиқбол кардааст. Баъд аз раҳоии худ Владимир Садовничий дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар минтақа аз ҳамаи ононе, ки барои раҳоии вай кӯмак карданд, изҳори сипос кард, вале гуфт, ки қазияи додгоҳии вай ва Руденкоро набояд бо масъалаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия иртибот дод:

“Ба назари ман ин ду масъаларо набояд бо ҳам омехт. Ба одамони тамоман бегуноҳ набояд кордор шаванд. Онҳо аз хушии худ ба он ҷо нарафтаанд, балки рафтаанд, то хонаводаҳои худро таъмин кунанд. Вале ин масъала, ки онҳоро аз Русия ихроҷ мекунанд, натиҷаи хубе надорад. Барои ҳамин ман инро иштибоҳи бузург медонам”.

Аммо шахсиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар бораи раҳоии халабонон назари яксон надоранд. Шуморе аз онҳо раҳоии халабононро гузаште барои муҳоҷирони корӣ медонанд, вале шуморе дигар мустақилияти додгоҳро зери суол бурдаанд.