Дар майдони Таҳрири Қоҳира тазоҳурот идома дорад

Имрӯз дар майдони Таҳрири Қоҳира-пойтахти Миср ҳазорон нафар ба тазоҳуроти эътирозии худ идома медиҳанд. Онҳо тақозо доранд, ки ҳукамати низомӣ ҳар чӣ зудтар зимоми қудратро ба ғайринизомиён диҳад. Баъд аз се рӯзи хушунат дар пойтахт ва шаҳрҳои дигар кобинаи ғайринизомӣ ба Шӯрои низомӣ пешниҳод кард, ки истеъфо диҳад, вале то ҳол Шӯрои низомӣ ин пешниҳодро қабул накардааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар даргириҳои рӯзҳои ахир дастикам 24 нафар кушта, бештар аз 1 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар эъломияе, ки имрӯз Amnesty International ё Афви Байналмиллал мунташир сохт, гуфта мешавад, ки раҳбарияти низомии Миср комилан натавонистааст аз ҳуқуқи башар дифоъ кунад.