Интиқодоти байналмилалӣ аз хушунатҳои Миср

Мақомоти низомии Миср дар пайи се рӯзи саркӯбии эътирозҳо, ки дастикам 24 кушта ва беш аз 1700 захмӣ ба ҷо гузошт, ба мавҷи нави интиқодоти байналмилалӣ рӯбарӯ шудаанд. Дирӯз кобинаи вазирони Миср истеъфо дод, вале ин дархости кобина ҳанӯз аз сӯи Шӯрои олии низомӣ пазируфта нашудааст. Ба назари аксари мисриҳо, ин кобинаи мулкӣ қудрати чандоне надорад. Имрӯз созмони Афви байналмилалӣ дар як изҳорот ҳокимони низомии Мисрро ба “нокомии комил” дар амри дифоъ аз ҳуқуқи инсон айбдор кард ва гуфт, ин мақомот барои саркӯбии эътирозҳо аз айни шеваи режими Ҳуснӣ Муборак кор мебаранд. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун низ бо нигаронӣ аз хунрезиҳо аз мақомоти Миср хост, ҳимояти ҳуқуқу озодиҳоро тазмин диҳанд.