Вакилони Конгресси Амрико мегӯянд, дар амри ахзи тавофуқ бар сари муомилае, ки коҳиши қарзи ба 15 триллион доллар расидаи кишварро ба ҳадаф дошт, ноком шудаанд. Аъзои “суперкумита”-и Конгресс дар як изҳороти муштарак аз ин нокомии вакилони ҷумҳурихоҳу демократ изҳори таассуфи амиқ карданд. Ин кумита ба хотири дар 10 соли оянда ба маблағи 1,2 триллион доллар коҳиш додани масрафоти Амрико ташкил шуда буд. Нокомии вакилон боиси уфти қиматҳо дар бозорҳои бурси Амрико шуд.