Қотилони Раббониро дар Покистон хоҳанд ҷуст

Афғонистон гуфт, ба хотири таҳқиқи қатли раиси Шӯрои олии сулҳ ва раҳбари собиқи ин кишвар Бурҳонуддин Раббонӣ як ҳайъати расмиашро ба Покистон мефиристад. Қарор аст, ин ҳайъат намояндагони вазоратҳои умури дохила, дифоъ ва амниятро дар бар бигирад. Қатли Раббонӣ дар моҳи сентябр боиси тавқифи талошҳои музокироти сулҳ бо Толибон шуд. Мақомоти афғон мегӯянд, ин сӯъиқасд дар Покистон тарҳрезӣ шуда, аз сӯи як маргталаби покистонӣ анҷом шудааст. Покистон дар оғоз аз ҳамкорӣ дар ин таҳқиқот саркашӣ мекард, вале дар анҷумани Истамбул таҳти фишори Афғонистону Туркия розӣ шуд, ҳайъати Кобулро бипазирад.