Ҳавои абрӣ дар Душанбе ва борон - дар Ғарму Хуҷанд

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои асосан абрӣ ва дар Ғарму Хуҷанд ҳатто ҳамроҳ бо боронҳои даргузар дар назар дошта шудааст. Пойинтарин мизони ҳарорат – 4 дараҷа- имрӯз барои Хоруғ ва баландтаринаш – 21 дараҷа – дар Қӯрғонтеппа пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ҳарорат имрӯз дар Ғарм – 6, дар Хуҷанд - 11, дар Кӯлоб – 20 ва дар пойтахт –Душанбе то 17 дараҷа гарм шавад.