Тавқифи фаъолияти як рӯзномаи ислоҳталаби Эрон

Дар Эрон фаъолияти як рӯзномаи ислоҳталабро барои ду моҳ муттавақиф кардаанд. Хабаргузории расмии ИРНА навиштааст, нашри рӯзномаи “Эътимод”-ро ба далели дурӯғпароканӣ ва тавҳин ба мақомоти давлатӣ боздоштанд. Чанде пеш дар мусоҳиба бо ин рӯзнома Алӣ Акбар Ҷавонфикр, мушовири матбуотии раиси ҷумҳури Эрон мухолифати муҳофизакорон ба амалкардҳои Маҳмуди Аҳмадинажодро башиддат интиқод кард. Бо наздиктар омадани интихоботи порлумонии Эрон, ки моҳи март баргузор мешавад, ихтилофоти назар миёни гурӯҳҳои муҳофизакор ва раиси ҷумҳури Эрон амиқтар шудааст. Нашри рӯзномаи “Эътимод” дар як даҳсолаи гузашта чандин бор боздоштаанд.