Сарнавишти писари Қаззофӣ баррасӣ хоҳад шуд

Мақомоти Либия мегӯянд, Сайф-ул-Ислом, писари Муаммар қаззофӣ раҳбари пешин ва кушташудаи ин кишварро боздошт карданд. Сайф –ул-Исломро, ки вориси падараш дониста мешуд, Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мекунад. Луис Морено Декампо додситони ин додгоҳ гуфт, ҳафтаи оянда cарнавишти Сайф-ул-Исломро бо мақомоти Либия баррасӣ хоҳад кард: Ман ба Либия хоҳам рафт, то роҳи ҳалли дурусти ин масъаларо баррасӣ кунам. Хабар ин аст, ки Сайф муҳокима хоҳад шуд. Дар куҷо ва кай мо инро баррасӣ хоҳем кард. Бовар меравад, ки се бародари дигари ӯ Мӯътасим, Хамис ва Сайф-ул-Араб кушта шудаанд ва хоҳару бародарони дигараш дар кишварҳои дигар паноҳанда шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Либия хост, тазмин диҳад, ки Сайф- ул-Ислом дар ҳамкории комил бо Додгоҳи байналмилали ҷурму ҷиноят барои аъмоли худ муҳокима хоҳад шуд.