Дар шаҳри Қазон, пойтахи ҷумҳурии Тотористони Русия, бузургтарин дар олам китоби Қуръон муаррифӣ шуд.
Ба иттилоъи бахши тотору бошқирдии Радиои Озодӣ, қарор буд, ки дар ин маросим раисиҷумҳур Рустам Минихонов ҳам ширкат мекунад ва аммо ӯ дар Масҷиди Қул Шариф ҳозир нашуд.
Дар маросим раисиҷумҳури пешини Тотористон Минтермир Шеймиев, нахуствазир Илдар Холиқов, Муфтии Русия Талъат Тоҷуддин, раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғануддин ва дигар масъулину ходимони дин ҳузур доштанд.
Бузургтарин Қуръон бо ибтикори Бунёди Эҳё, ки ба он Минтемир Шеймиев раҳбарӣ мекунад, нашр шуда, 800 кило вазн, ду метр баландӣ ва яку ним метр дарозӣ дорад.
Матни Қуръон дар Италия чоп шуда, сураҳои он бо сангҳои гаронбаҳо ба маблағи тақрибан як миллион евро ороиш ёфтаанд.