Вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон аз изҳороти ахири раиси бахши беҳдошти Русия Геннадий Онишенко изҳори таҳайюр кардааст.
14 ноябр Онишенко пешниҳод кара буд, ки бо далелҳои тиббӣ муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия мутаваққиф шавад. Ба гуфтаи ӯ, моҳҳои ахир далелҳои зиёди мубталоии муҳоҷирони тоҷик ба бемориҳои сил ва СПИД ошкор шудааст.
Ва аммо ба иттилоъи хадамоти давлатии беҳдошти Тоҷикистон, тайи ду соли ахир вазорати ҳифзи сиҳати кишвар аз ниҳодҳои тиббии Русия ҳамагӣ 11 огаҳӣ дар бораи ба бемории сил гирифтор шудани шаҳрвандони Тоҷикистон расидаасту халос.
Дар изҳороти вазорат гуфта шудааст, ки мубталоӣ ба СПИД дар Тоҷикистон миёни кишварҳои муштаракулманофеъ аз ҳама пойинтар аст аз сад ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 47 кас ба ин беморӣ гирифторанду халос.