Раҳпаймоии эътирозгарон дар маркази молии Ню Йорк

Имрӯз садҳо нафар тазоҳуркунандагони Ишғоли Волл Стрит дар Ню Йорк дар маркази молии ин шаҳр раҳпаймоӣ анҷом доданд ва бад-ин тариқ ду моҳи тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди нобаробариҳои иқтисодиро баргузор карданд. Ҳангоме, ки тазоҳуркунандагон талош доштанд дар атрофи Бозори Бурси Ню Йорк роҳҳоро бибанданд, полис чанд нафарро боздошт кард. Мақомоти шаҳрдорӣ гуфтанд, онҳо интизор доштанд, ки дар ин раҳпаймоӣ даҳҳо ҳазор нафар ширкат мекунанд. Чунин эътрозҳо дар шаҳрҳои дигари Амрико низ ба нақша гирифта шуда буд. Рӯзи сешанбе полис дар Ню Йорк Оккупай ё Ишғоли Ню Йорк хаймаҳои тазоҳуркунандагонро бардошт ва онҳоро пароканда кард.