Бино ба хабари “Азия Плюс”, мақомоти Афғонистон омодаанд, ки дар ояндаи наздик Яков Цой-шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистонро ба ба ватан баргардонанд. Дар ин бора дар як гуфтугӯи телефонии миёни Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Залмай Расул-вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон тавофуқ ба даст омдааст. Оқои Зарифӣ дархост кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Афғонистон мӯҳлати зиндони худро сипарӣ мекунанд, ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Залмай Расулӣ дар посух гуфтааст, ки дар ояндаи наздик имкон дорад Яков Цой баргардонида шавад.