Марио Монтӣ-нахуствазири ҷадиди Италия гуфт, ки ҳукумати вай тадобири сахтгиронаи молиро иҷро хоҳад кард ва тавозуни он бо “рушду баробарӣ” таъмин хоҳад шуд. Имрӯз Монтӣ барномаи худро дар бораи рушди иқтисодии кишвараш ва коҳиши қарзҳои зиёди иҷтимоӣ дар Сенати Италия муаррефӣ кард. Қарор аст дар поёни имрӯз дар Маҷлиси Болоӣ ва пагоҳ дар Маҷлиси Поёнӣ барои кобинаи вазирони оқои Монтӣ райи эътимод диҳанд.