Бино ба хабари сафоратхонаи Амрико дар Душанбе, ин сафоратхона интиқоли лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 35 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст, ки он бузургтарин ҳамлу нақли алоҳида аз соли 2001 то ба ҳол дониста мешавад. Сафири Амрико Кен Гросс дар маросими тақдими лавозимоти тиббӣ ба шифохонаи бемориҳои сирояткунандаи шаҳри Душанбе ширкат дошт ва гуфт:
“Тақдими лавозимоти тиббӣ ба маблағи зиёда аз 35 миллион доллар хизматрасонии тиббии баландсифат инъикос менамояд”.
Оқои Гросс афзуд, дорувоӣ ба таври ройгон ба бемористон ва муассисаҳои тиббии саросари Тоҷикистон тақсим карда мешавад. Кӯмак аз доруворӣ ба маблағи миллионҳо доллар барои мубориза бо бемории зардпарвини навъи С, антибиотикҳо ва инчунин доруворӣ барои бемориҳои саратон, дил ва рӯҳӣ иборат буд.