Додгоҳи Қурғонтеппа гуфтааст, ки дар зарфи як ҳафта баррасии шикояти додситонӣ ва вакили мудофеи халабонҳо Садовничий ва Руденкоро аз сар мегирад. Вакили мудофеи халабонҳо гуфтааст, ки вазъи саломатии Алексей Руденко-шаҳрванди Эстония бад шудааст ва ба эҳтимоли зиёд ҳукми ҳабси халабонҳо ба маҳкумияти шартӣ табдил хоҳад шуд. Ширкати “Ролкан инвестмент ЛТД” гуфтааст, ки барои ҳавопаймоҳои боздоштшуда ва ситонидани ҷуброни молӣ аз мақомоти Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Аз сӯи дигар, додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки халабонон Садовничий ва Руденко нақшаи парвоз надоштаанд ва агар онҳо ба Тоҷикистон парвоз намекарданд, дар Афғонистон боздошт мешуданд.