Анбӯҳи норозиён ба бинои порлумони Кувейт ҳамла кард

Ҳазорон нафар аз кувейтиҳо баъд аз он ки полис ва нерӯҳои зубда раҳпаймоёнро латукӯб карданд, ба бинои порлумони Кувайт ҳамла оварданд. Ибтидо тазоҳуркунандагон бо талаби истеъфо ба дари манзили сарвазир мерафтанд. Мусаллам ал-Баррак, ки якҷо бо чанд узви порлумон ва фаъолони ҷавон ба тазоҳурот сарварӣ мекард, мегӯяд, акнун норозиён пароканда шудани порлумонро зимни иттиҳоми фасод талаб мекунанд. Шоҳидон мегӯянд, дар даргирӣ бо полис панҷ тазоҳуркунанда захмӣ шудаанд.