Додраси Ню Йорк аз тасмими мақомоти шаҳр ба манъи хаймасозӣ дар чаҳорбоғи Манҳаттен барои тазоҳуроти мавсум ба «Ишғоли Волл Стрит» ҳимоят кард. Бино бар ин ҳукм тазоҳуркунандагон дигар нахоҳанд тавонист, дар ин ҷо хайма гузоранд ва шабро дар чаҳорбоғи Зуккоттӣ саҳар кунанд. Аммо мақомоти Ню Йорк мегӯянд, тазоҳурот ҳаққи идома дар ин боғро дорад ва полис шоми сешанбе дари онро дубора боз кард. Шаҳрдори Ню Йорк, Майкл Блумберг, ки тасмим гирифт, тазоҳуркунандагон ба таҳдиди саломатӣ ва амният табдил ёфтаанд, гуфт, озодии сухан ба ин маънӣ нест, ки ҷои ҷамъиятӣ бо сохтани хаймаҳо ишғол шавад. Пештар дар ҷараёни поккории боғ полис наздик ба 200 нафарро боздошт кард ва кормандон хаймаву рахтихоби тазоҳуркунандагонро барчиданд. Ҷунбиши «Ишғоли Волл Стрит», ки тазоҳуроти ҳамсонро дар шаҳрҳои дигари Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳон ба вуҷуд овард, ҳадаф дорад, таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кунад, ки аз диди тазоҳуркунандагон низоми ноодилонаи иқтисодӣ номида мешавад ва ба фоидаи одамони сарватманд аст.