Узбакистон - Тоҷикистон 0:0 баъди ним соати бозӣ

Олимҷон Рафиқов

Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд бозии байни тимҳои миллии футболи Узбакистону Тоҷикистон оғоз ёфт. Баъди ним соати аввали бозӣ ҳисоб ҳанӯз кушода нашудааст. Ин бозии даври панҷуми мусобиқоти гурӯҳӣ барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар гурӯҳи С аз қораи Осиёст. Бозии аввали ин ду тим дар Турсунзода бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи футболбозони узбак анҷом ёфта буд. Тими Тоҷикистон ҳамаи 4 бозии худро дар гурӯҳи С бохтааст. Сармураббии тим Олимҷон Рафиқов дирӯз дар Тошканд гуфт, тими Тоҷикистон худро дар байни тимҳои пурқуввати қораи Осиё мисли як шогирд эҳсос мекунад, вале бо вуҷуди бохтҳои паиҳам ин мусобиқот барои футболбозони тоҷик як мактаби бузург буд