Молдова ба далели сабти ном нашудани ягон номзад то таърихи 14 ноябр эҳтимолан интихоботи раёсатҷумҳуриашро ба таъхир хоҳад андохт. Тудор Делиу, раиси куммиссиюни масъули интихобот дар парлумони Молдова гуфт, акнун «тамоми раванд дигарбора аз сифр оғоз хоҳад шуд.» Молдова беш аз 2 сол аст, ки наметавонад ба интихоби президенташ даст биёбад. Раисиҷумҳури Молдова дар парлумон интихоб мешавад, вале ҳеҷ кадоме аз аҳзоби сиёсиаш орои кофӣ барои таъмини пирӯзии номзади худро дар парлумон надоранд.