Тундраве, ки тобистони соли ҷорӣ дар Норвегия 77 нафарро тирборон кард, эътироф кард, ки ин кушторро анҷом додааст, вале вай барои ин кор худро гунаҳгор намешуморад. Андерс Брейвики 32 сола 22 июли соли ҷорӣ дар ҷазираи Утоя 69 нафарро ҳадафи тир қарор дод ва дар назди бинои Ҳизби Коргари Норвегия мошини бамгузоришударо мунфаҷир сохт ва 8 нафари дигар кушта шуданд. Брейвик 12 ҳафтаи дигар дар боздоштгоҳ боқӣ хоҳад монд. Мурофиаи навбатии вай 6 феврал сурат мегирад.