Афғонистон мегӯяд, ки нируҳои амниятиаш як бамгузори интиҳориро дар наздикии маҳали баргузории Луя Ҷиргаи Афғонистон дар Кобул ба қатл расондааст. Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, марде, ки як бастаи маводи мунфаҷирраро бо худ ҳамл мекард, дар наздикии хаймаи Луя Ҷирга ҳадафи тир қарор гирифтааст. Рӯзи якшанбе Толибон иддао карданд, ки нақшаи амниятии маҳали баргузории мулоқоти Луя Ҷиргаро доранд.