Муҳоҷирон дар назди сафорати Тоҷикистон гирдиҳам омадаанд

Тибқи хабари сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав, субҳи рӯзи душанбе дар назди бинои сафоратхона гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷики муқими ин шаҳр гирдиҳам омадаанд. Ба гуфтаи сафорат, дар ин шабонарӯзҳо дар сафорат ситоди шабонарӯзӣ фаъолият мекунад ва ҳадафи он кӯмак ба муҳоҷирони корӣ мебошад. Дар ин шабонарӯзҳо гирудори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия идома дорад ва онҳоро барои истирдод ё депорт ба Тоҷикистон омода мекунанд. Гирудорҳо баъд аз ҳукуми зиндони халабонон Владимир Садовничий-шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко-шаҳрванди Эстония оғоз шуд. Вале мақомоти зидахли Русия мегӯянд, ки гирудори тоҷикон дар Маскав ва шаҳрҳои дигар ба ҳукми зиндони ин ду халабон иртибот надорад. Ба гуфтаи сафорат, ҳоло дар шаҳри Маскав 205 муҳоҷири тоҷик боздошт шудаанд. Рӯзи шанбе 12 муҳоҷири тоҷик аз Маскав ихроҷ ва ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки ба қавли мақомоти Русия онҳо муқаррароти буду бош дар ин кишварро нақз кардаанд.