Бино бар иттилои хабаргузории эронии «Форс» журналисти эронӣ, ки барои телевизиони форсии Би-би-сӣ гузориш медодааст, боздошт шуд. Ин манбаъ, бидуни ҷузъиёти бештар, мегӯяд, Мӯҳсини Фатҳӣ рӯзи шанбе баъд аз гузориши мустақимаш ба телевизиони форсии Би-би-сӣ дар бораи таҳдидҳои Исроил ба Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Фаъолияти телевизиони форсии Би-би-сӣ дар Эрон бо иттиҳоми «барномаҳои зиддиинқилобии он» манъ шудааст. Биноан ин шабака дар Эрон дафтар ва корманд надорад, аммо барномаҳои он аз тариқи моҳвора қобили дарёфтанд. Барои ҳамкорӣ бо телевизиони форсии Би-би-сӣ дар моҳи сентябр панҷ филмсози эронӣ боздошт шудаанд. Ду тан аз онҳо дар моҳи октябр дар ивази гаравпулӣ озод шуданд.