Дар Осетияи ҷанубӣ интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд

Дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд. Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботӣ, дар ин маъракаи сиёсӣ тақрибан 54 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд.

Барои курсии раҳбари Осетияи ҷанубӣ 11 довталаб вориди сабқат шуданд. Барои пирӯзӣ дар даври аввал бояд довталаб беш аз 50 дар сади раъйҳоро ба даст оварад.

Раъйдиҳиро беш аз 80 нозири байнулмилалӣ таҳти назорат доштанд. Ҳамзамон бо интихобот дар кишвар раъйпурсӣ оид ба додани мақоми давлатӣ ба забони русӣ ҳам баргузор шуд.

Тифлис ин маъракаҳои интихоботӣ дар Осетияи ҷанубиро ғайриқонунӣ мехонад.