Теъдоди қурбониёни садама дар кони ангишти вилояти Юннан, воқеъ дар ҷанубу ғарби Чин, то 34 нафар афзоиш ёфт.
Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, амалиёти ҷустуҷӯ дар кон идома дорад ва аммо наҷотбахшон шонси пайдо кардани нафари зиндамондаро ночиз мехонанд.
Таркиш дар кони ангишт рӯзи панҷшанбе замоне рӯй дод, ки 43 нафар дар қаъри замин буданд. Ба гуфтаи мақомот ин кон ғайриқонунӣ фаъолият мекард.
Соли гузашта бар асари садамаҳо дар конҳои ангишти Чин тақрибан дуву ним ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.