Созмони Милали Муттаҳид ва Бритониё аз тасмими Лигаи кишварҳои араб дар робита ба мутаваққиф сохтани ширкати Сурия дар нишастҳои ин созмон то замони аз сӯи Димишқ иҷро шудани созишҳои пешин оид ба хатми саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар кишвар истиқбол карданд.
Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ин тасмимро “нерӯмандона ва мардона” номид.
Аз ин пеш ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам аз тасмими Лигаи кишварҳои араб изҳори хушнудӣ карда буданд.
Дар Димишқ ҳазорон ҷонибдорони раисиҷумҳур Башор Асад алайҳи қарори Лигаи кишварҳои араб раҳпаймоӣ карданд.
Рӯзи гузашта дар нишасти Лигаи кишварҳои араб дар Қоҳира ҳамчунин аз сафирони давлатҳои узв даъват шуд, ки Сурияро тарк кунанд. Дар изҳороте, ки онро нахуствазири Қатар Ҳамад бини Ёсин ал Тҳанӣ қироат кард, гуфта шудааст, тасмими Лигаи кишварҳои араб дар баробари Сурия аз рӯзи чаҳоршанбе ба ҳукми қонун ворид мешавад. Аҳли нишаст ҳамчунин дар мавриди таҳримҳои сиёсиву иқтисодӣ алайҳи Димишқ ва баргузории нишасти мухолифини Сурия ба тавофуқ расиданд.
Бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад беш аз севу ним ҳазор суриягиҳо ба ҳалокат расиданд.