Дар шарқи Туркия ҷустуҷӯи афроди зиндамонда дар зери биноҳои бар асари заминларза харобшуда идома дорад.
Дар заминларзае, ки шоми гузашта ба вуқӯъ пайваст, дасти кам 10 нафар ба ҳалокат расиданд, 30 кас аз зери оворҳо берун карда шуданд. Мақомот мегӯянд, ки тақрибан сад тани дигар зери харобаҳо мондаанд.
Дар шаҳри Ван миёни сокинони маҳаллӣ бо кормандони полис вориди низоъ шуданд. Мардум аз он норозиянд, ки баъд аз заминларзаи як моҳи пеш мақомот ду меҳмонсарои қисман харобшударо набастанд ва дар натиҷа дар зилзилаи навбатӣ ин биноҳо комилан хароб шуда, одамони зиёди зери харобаҳо монданд.
Моҳи гузашта бар асари заминларзаи шадид дар ҳамин минтақаи Туркия тақрибан 600 нафар ба ҳалокат расида буданд.