Модари як ҷавони ӯзбак, ки дар таҳдиди куштори раисиҷумҳури ИМА Барак Обама айбдор мешавад, мегӯяд, писараш бегуноҳ аст ва аз ӯ ифротгароҳо чун бозича истифода кардаанд.
Зарифа Қодирова, модари Улуғбек Қодиров, дар як сӯҳбати телефонӣ бо бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки моҳи гузашта бо писараш дар тамос шуд ва Улуғбек гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ қасди куштори Обамаро надошт.
Улуғбек Қодиров, ки 22 сол дорад, дар ИМА дар таҳдиди куштори раисиҷумҳур, харидории ғайриқонунии автомату норинҷак ва будубоши бидуни раводид айбдор шудааст. Ӯ соли 2009 бо раводиди донишҷӯӣ вориди ИМА шуд. Баъд аз як сол ӯ дар меҳмонсарои Алабама дар ҳоле боздошт шуд, ки мехост автомат харидорӣ кунад. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ӯ қабл аз боздошт дар ҷамъи ҳозирин чаҳор бор ба раисиҷумҳур Барак Обама таҳдид куштан карда буд.
Бозпурсии Улуғбек Қодиров дар додгоҳ бояд 7 ноябр аз сар гирифта мешуд ва аммо вакили дифои ӯ изҳор намуд, ки барои сӯҳбат бо Қодиров ва дигар гумонбарон ба вақти бештар ниёз дорад.