Дар Афғонистон ҷустуҷӯи як сарбози ҳукуматӣ, ки дар як бархӯрде се низомӣ аз Австралия аз ҳайати нерӯҳои байнулмилалиро маҷрӯҳ кардааст, идома дорад. Ин ҳодиса дар вилояти Урузгон рӯх дод. Бар асари тирандозӣ ду сарбози афғон ҳам ҷароҳат бардоштанд. Ҳамлагар аз ҷойи ҳодиса фирор кард.
Тақрибан ду ҳафта пеш дар ҳамин гуна ҳодиса дар вилояти Қандаҳор се низомӣ аз Австралия кушта ва ҳафт нафари дигар захмӣ шуданд.
Дар Афғонистон беш аз яку ним ҳазор низомиён аз Австралия мустақаранд. Тайи солҳои ширкат дар амалиёти низомӣ дар Афғонистон 32 сарбоз аз ин кишвар ба ҳалокат расидаанд.