Тазоҳурот бо талаби канорагирии Саакашвилӣ

Дар шаҳри Тифлис дирӯз садҳо нафар дар як тазоҳуроте хостори истеъфои Михайил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳури Гурҷистон шуданд. Ба гузориши бахшҳои русӣ ва гурҷии Радиои Озодӣ, тазоҳурот бо ташаббус Ҳизби коргари Гурҷистон ба раҳбарии Шалва Натеашвилӣ баргузор шуд, ки аз мухолифони Михайил Саакашвилӣ аст. Ӯ дар ин тазоҳурот гуфтааст, “ҳеҷ зарурате барои омодагӣ ба интихоботи порлумонии оянда вуҷуд надорад, зеро ҳукумати феълии Гурҷистонро танҳо аз роҳи тазоҳурот метавон тағйир дод.” Бо вуҷуди ҳавои сард ва барф дар шаҳри Тифлис садҳо нафар дар ин гирдиҳамоӣ ҷамъ омаданд.