Расмуссен бо Обама дар Вашингтон мулоқот кард

Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен дар Вашингтон бо президенти Амрико Барак Обама, як ҳафта баъди хатми рисолати ин паймони низомӣ дар Либия мулоқоте анҷом дод. Расмуссен инчунин бояд бо вазири умури хориҷа Ҳилларӣ Клинтон, вазири дифо Леон Панетта, мушовари амнияти миллӣ Том Донилон ва аъзои сенат мулоқот ва гуфтугӯ кунад. Шаш моҳ баъд қарор аст ИМА мизбони нишасти НАТО дар Чикаго шавад.