Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО, имрӯз бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар Вашингтон дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин бо Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷӣ, Леон Паннета, вазири дифоъ ва Том Донилон, мушовири амниятии миллии ҳукумати Амрико ва вакилони сенат мулоқот хоҳад дошт. Қарор аст, ним сол баъд дар моҳи май Амрико, нишасти сарони НАТО-ро дар шаҳри Чикаго мизбонӣ кунад. Паймони мазкур, рӯзи 31 октябр амалиёти ҳавоӣ дар Либияро хотима дода гуфт, маъмурияташ аз Созмони Милал барои ҳифзи ғайринизомиёни Либияро иҷро кардааст.