Русия: Скинҳед озод шуд, муҳоҷир маҳкум

Дар акс: Анвар Юсуфов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Маскав ба шаш моҳи зиндон маҳкум шудааст...

Додгоҳи ноҳияи Красноселский дар Маскав Анвар Юсуфов - шаҳрванди Тоҷикистонро ба 6 моҳи ҳабс маҳкум кард.
Анвар бо ду нафари дигар аз муҳоҷирони корӣ, Абдулазиз Тошев -- сокини ноҳияи Турсунзодаи Тоҷикистон ва Шокир Абдулазизов аз Шаҳрисабзи Узбакистон дар истгоҳи метрои Тургеневскаи Маскав мавриди ҳамлаи миллатгароён қарор гирифтанд.

Вале додгоҳ миллатгароёнро, ки дастҷамъӣ ба ду шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбакистон ҳамла бурда буданд, бегуноҳ эълон кард ва аз се муҳоҷири корӣ яке аз онҳо - Анвар Юсуфовро шаш моҳ маҳкум ба зиндон кард.

Дар як сӯҳбати телефонӣ Анвар ҳикоят кард, ки ҳангоми вуруд ба вагон чанд нафар роҳи онҳоро мебанданд ва мегӯянд, ки даромадан мумкин нест. Вале Анвар бо ду нафар аз дӯстонаш ба ин рафтори онҳо эътибор намедиҳанд ва вориди вагон мешаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Садои ҳамватан



ҲАМЛА ДАР ҚАТОРИ МЕТРО

Баъд аз баста шудани дари вагон ин гурӯҳи ҷавонон ба Анвар ва дӯстонаш наздик мешаванд, то ба истилоҳ барои худсарӣ "адаб"-и онҳоро бидиҳанд. Вале Шокир Абдулазизов, ки русиро хуб медонад, ба онҳо бо нармиш муроҷиат мекунад ва мегӯяд, онҳо одамони худианд, яъне “мы свои”.

Дар ҷавоб ба ин суханон миллатгароҳо борони дашному таҳқирро ба сари онҳо мерезанд ва яке аз миллатгароҳо ба рӯи Абдулазизов шаллоқ мезанад. Якеи дигар аз миллатгароҳо мехоҳад бо корд ба онҳо наздик шавад. Анвар Юсуфов ин лаҳзаро ин гуна ба ёд меорад: "Дар дасти онҳо корд буд. Ҳамроҳам ба ман хитоб кард ва гуфт, “Умар-ака дар дасти онҳо корд”. Вай ин суханонро ба забони узбакӣ гуфт. Ӯ худаш аз Тоҷикистон, вале узбак аст. Дар зери пойи ман як "бутилка" буд. Барои он ки онҳо ба мо наздик наоянд, ман ин "бутилка"-ро бардоштам, онро дар теғаи оҳани гӯшае шикастам ва барои ҳимоят аз худ ба онҳо гуфтам, ки ба мо наздик нашаванд. Ман хостам онҳоро тарсонам, то онҳо ба мо наздик наоянд."

НАЗАРИ ВАКИЛИ МУДОФЕЪ


Гулнора Бобоҷонова-вакили мудофеи Анвар аз Кумитаи ҳуқуқи башари “Гражданское Содействие” дар Маскав, ки ҳоло аз ҳуқуқи Анвар ва ҳамроҳонаш дифоъ мекунад, бо ҷузъиёти парвандаи Анвар ошно шудааст. Вай мегӯяд, ҳадафи Анвар ин будааст, ки барои ҳимоят то чанд лаҳзаи дигар миллатгароҳоро аз худ дур нигаҳ доранд, то дар истгоҳи дигар дарҳои вагон боз шавад ва онҳо худро ба берун гиранд ва аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ кӯмак хоҳанд.

Баъд аз боз шудани дари вагон онҳо дар истгоҳи метро зуд ба назди пулис мераванд ва кӯмак мехоҳанд. Вале Бобоҷонова дар бораи тасмими пулис чунин мегӯяд: "Пулис билофосила тасмим мегирад, ки ғайрирусҳо гунаҳкоранд, барои он ки онҳо, ба гуфтаи Анвар, аввал аз вагон хориҷ шудаанд ва зуд ба назди 3 милиса давидаанд. Бо вуҷуди он ки онҳо барои кӯмакхоҳӣ ба назди пулис рафтаанд."

МУҲОҶИРОН ШАЛЛОҚ ЗАДАНД Ё МИЛЛАТГАРОЁН?


Миллатгароён дар назди пулис ҳам онҳоро дастгир мекунанд ва дар чашми онҳо лату кӯби муҳоҷиронро идома медиҳанд. Бо вуҷуди ин пулис ба чунин хулоса мерасад, ки ин се муҳоҷири корӣ ҷавонони русро шаллоқ задаанд ва акнун мехоҳанд гурезанд.

Фирдавс Юсуфов

Дар парвандае, ки бар зидди онҳо боз мекунанд, баъдтар яке аз миллатгароён бо номи Дмитрий Маркевич ҷабрдида шинохта мешавад ва пизишкон хулосаи “сохта”-и тахшхиси тиббиро дар бораи саломатии вай ба додситонӣ пешниҳод мекунанд. Вале ин хулосаҳои ташхис пурра таъйид намешавад, зеро дар бадани Маркевич захмҳои тозаро пайдо намекунанд, балки захмҳои чандсолаи бадани вайро лату кӯби чанд рӯзи пеш нишон медиҳанд. Ба ин тартиб бар зидди Анвар Юсупов парванда “месозанд” ва вайро гунаҳгор эълон мекунанд. Додгоҳи ноҳияи Красноселскийи Маскав 28 октябри соли равон вайро 6 моҳ маҳкум ба зиндон мекунад.

ШИКОЯТ АЗ БОЛОИ ҲУКМИ ДОДГОҲ

Гулнора Бобоҷонова мегӯяд, онҳо бар зидди ин ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд, зеро ононе, ки ҳамла карданд ва бояд ҷазо мегирифтанд, бегуноҳ шинохта шуданд ва ҷабрдида Анвар Юсуповро додгоҳ гунаҳкор эълон кардааст: "Дар ҳар ҳолат, мехоҳам шикоят нависам. Дар ин мурофиа ҷабрдида ширкат надошт. Ҳатто нахостанд вайро даъват кунанд. Дар ҷараёни расидагӣ ҷабрдида бораи қатъи парванда дар бораи оштӣ шудани ҷонибҳо ариза навишт, вале додгоҳ ин аризаро ҳам аслан дар назар нагирифт."

АГАР ТУ ҒАЙРИРУС ҲАСТӢ...


Хонум Бобоҷонова ангезаҳои миллатгароӣ дар фаъолияти додситониву додгоҳи Маскавро дар ҷараёни расидагии парванда ва ҳангоми судури ҳукм истисно намедонад ва мегӯяд, дар ин парванда миллати “худӣ” ва “бегона” нақш бозидааст.

Вай мегӯяд, додгоҳ на танҳо ҷинояткоронро ба муҷозот накашидааст ва онҳоро раҳо кардааст, балки ба яке аз ҷабрдидаҳо “сабақ” додааст ва ӯро ба муҷозот кашондааст: "Чунин ба назар мерасад, ки додгоҳ бо чунин тасмими худ собит сохт, ки агар ту ғайрирус ҳастӣ ҳақ надорӣ муқовимат нишон диҳӣ, ҳатто туро метавонанд кушанд, зананд ё ҳар чӣ ки бихоҳанд. Додгоҳ бо ин ҳукми худ муҳоҷирони корӣ, шаҳрвандони хориҷиро аз ҳимояти зарурӣ аз худашон маҳрум мекунад."

ҚИССАИ ФИРДАВС ЮСУФОВ

Каромат Шарифов

Ин танҳо намунае нест, ки муҳоҷирони корӣ ҳадафи ҳамлаи милалтгароён қарор мегиранд ва гунаҳкор ҳам шинохта мешаванд. Моҳи декабри соли гузашта низ дар шаҳри Санкт-Петербург миллатгароҳо ба бадани Фирдавс Юсуфов, ҷавони тоҷик ҳашт корд заданд. Вай бо кӯмаки бародаронаш ҷон ба саломат бурд. Вале Фариддун-яке аз бародаронашро гунаҳкор шинохтанд ва бар зидди вай парванда боз карданд.

Каромат Шарифов, раҳбари ҷамъияти “Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия” мегӯяд, дар байни кормандони пулис низ миллатгароён ё сартарошидаҳои собиқ ҳастанд ва намехоҳанд барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон “одамон”-и худро зери зарба гузоранд. Аз Шарифов мепурсем, чаро дар ниҳодҳои интизомии Русия ба ҷои он, ки аз чунин ҳамлаҳо пешгирӣ кунанд ва ба ҷабрдидаҳои ғайрирус кӯмак расонанд, онҳоро муттаҳам мекунанд ва ба зиндон меандозанд?

ПУЛИС Ё СКИНҲЕД?

Ӯ гуфт: "Дар ҳар миллат миллатпарастон ҳастанд. Онҳоро натсионалист мегӯянд. Дар сохтори ВКД-и Русия, агар солҳои 2005, 2006-ро дида бароед, бисёре аз кормандони пулис аз доираи гурӯҳҳои скинҳедҳо буданд. Ҳарчанд дар тан сару либоси корманди дохилӣ доштанд, онҳо скинҳедҳоро дастгирӣ мекарданд,. Камераҳо нишон медоданд, боз ҳам скинҳедҳоро ёфта наметавонистанд, барои он ки онҳо дастгирӣ мекарданд."

Каромат Шарифов меафзояд, дар Русия муносибат бо шаҳрвандони кишварҳои дигар фарқ дорад. Вале бо шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон ҳар гуна таҳқирро раво мебинанд, зеро онҳо аз ҷониби ҳукумати кишварҳои худ ба андозаи кофӣ ҳимоят намешаванд.