Таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинони мусулмони Тоҷикистон дар масоҷиди ҷомеи ин кишвар намози Иди Қурбонро адо карданд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон карда буданд, ки Иди Қурбон ё Азҳо ба рӯзи ҳафтуми ноябр мусодиф меояд. Вале бо қарори Шӯрои уламои маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, Иди Қурбон рӯзи шашуми ноябр таҷлил шуд.