Ҳушдори кишварҳои Ҷомеаи Араб ба ҳукумати Сурия

Набил ал Арабӣ

Набил ал Арабӣ-Дабири кулли кишварҳои Ҷомеаи Араб аз Сурия дархост кард, ки ибтикороти ин созмонро дар назар бигирад ва ба хушунат дар ин кишвар хотима диҳад. Ин созмон ба Сурия ҳушдор дод, ки дар сурати иҷро нашудани ин нақшаҳо оқибати он харобиовар хоҳад буд. Вай ҳамчунин ҳушдор дод, ки ҳукумат нируҳои худро аз кӯчаву хиёбонҳо фаро хонад, ҳамаи зиндониёни сисёсӣ раҳо шаванд ва бо мухолифон музокира анҷом бигирад. Бо вуҷуди нақшаҳои Ҷомеаи Араб нируҳои ҳукуматӣ рӯзи шанбе ба саркӯбии тазоҳуркунандагон идома доданд ва 7 нафар кушта шуд.