Полиси Ироқ мегӯяд, дар чанд инфиҷоре, ки дар назди хонаи Ёсин Исо Довуд-раҳбари гурӯҳи зидди ал Қоида дар 20 километрии шимоли Бағдод рух додааст, 4 нафар кушта шудаанд. Исо Довуд раҳбари як гурӯҳи маҳаллист, ки аз ҳукумат ҷонибдорӣ ва бар зидди гурӯҳҳои ал Қоида мубориза мекунад. Шӯришиён зуд зуд нируҳои амниятии Ироқро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки 33000 нируҳои амрикоӣ барои хуруҷ аз Ироқ то поёни сол омодагӣ мегиранд.